Декабр 19, 2019 11:13 Asia/Dushanbe
  • Оғози иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ

Иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ (Куала- Лумпур 2019 ) субҳи панҷшанбе бо ҳузури сарони кишварҳои Малайзия, ҷумҳурии исломии Эрон, Туркия ва Қаттар ва садҳо тан аз шахсиятҳо ва нухбагони кишварҳои исломӣ дар Куала - Лумпур пойтахти Малайзия оғоз шуд.

Пеш аз оғози иҷлоси Куала - Лумпур 2019 , сарони кишварҳои ширкаткунанда акси ёдгорӣ гирифтанд ва ин иҷлос бо ҳузур ва суханронии Султон Абдуллоҳ подшоҳи Малайзия ба сурати расмӣ ифтитоҳ шуд.

Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони яке аз сарони ширкаткунанда дар маросими ифтитоҳияи ин иҷлос суханронӣ хоҳад кард.

 Моҳотир Муҳаммад нахуствазири Малайзия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон раиси ҷумҳурии Туркия ва шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ амири Қаттар дигар суханронони маросими ифтитоҳияи Иҷлоси сарони Куала - Лумпур ҳастанд.

Рӯҳонӣ ҳамчунин баъд аз зуҳри имрӯз ( панҷшанбе ) дар нишасти Авлавиятҳои тавсиъа ва мушкилоти ҷаҳони ислом таи суханоне сиёсатҳо ва роҳбурдҳои минтақаӣ ва байналмиллалии ҷумҳурии исломии Эронро дар ҷамъи Сарони кишварҳои ширкаткунанда дар иҷлоси Куала - Лумпури 2019 ташриҳ ва табйин хоҳад кард.