Декабр 21, 2019 15:46 Asia/Dushanbe
  • Трамп будҷаи низомии соли 2020 и Амрикоро имзо кард

Раиси ҷумҳурии Амрико,будҷаи низомии ин кишварро барои иҷроӣ шудан имзо кард.

 

 

Ба гузориши хабаргузории Форс, доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи шанбе будҷаи низомии 738 миллиард долларии ин кишварро имзо кард ва расман нерӯи фазоӣ низ ба артиши Амрико изофа шуд.

Аз ҷумла вазифаи нерӯи фазоӣ ҳифозат аз дороиҳои Амрико дар фазо муқобили таҳдидҳои Русия ва Чин аст.

Лоиҳаи Трамп,барои эҷоди як нерӯи низомии фазоӣ бо будҷаи 71 миллиард долларӣ аст.

Доналд Трамп, будҷаи низомии ин кишварро пеш аз рафтан ба таътилоти солинавӣ имзо кард.

Санои Амрико,душанбеи гузашта бо 76 райи мувофиқ дар муқобили 6 райи мухолиф, лоиҳаи 738 миллиард долларии будҷаи низомии Амрико барои соли 2020 ро тасвиб карда буд.

Дар будҷаи низомии Амрико, банде барои таҳримҳои иҷборӣ бар хутути интиқоли нафтва газ ба Аврупо ва мамнуъияти ҳамкориҳои низомӣ ва мустақими артиши Амрико бо Русия ғунҷонида шудааст.

Қонунгузорони амрикоӣ, ҳамчунин дар ин лоиҳа бандҳоеро барои таҳрими анқара ба далели хариди сомонаи падофанди мушакии С 400 аз Русия ва ҳамчунин мумониъат аз интиқоли ҷангандаҳои  Ф- 35 ба Туркия ғунҷонидаанд.