Ифшои ҳувияти омили ҳамла ба сервиси амнияти федерали Русия
(last modified 2019-12-21T13:17:26+00:00 )
Декабр 21, 2019 18:17 Asia/Dushanbe
  • Ифшои ҳувияти омили ҳамла ба сервиси амнияти федерали Русия

Мақомоти рус ҳувияти омили ҳамлаи мусаллаҳона ба сервиси амнияти федерали Русияро фош карданд.

Ба нақл аз рӯзномаи Гардиян, мақомоти рус эълом карданд, омили тирпаронии рӯзи панҷшанбе муқобили сервиси амнияти федерали Русия ҷавоне 39 сола бо номи Юганӣ Маниоров нигаҳбони собиқи сафорати Иморот будааст.

Вай алоқаманд ба таслиҳоти мухталиф буда ва рӯзи панҷшанбе бо аслиҳаи ҷангӣ аз навъи кланшинков бо вуруд ба бахши пазириши сохтмони амнияти Русия дар маркази Маскав билофосила ба сӯи маъмурони бахши нигаҳбонӣ оташ гушудааст.

Дар ин даргирии мусаллаҳона яке аз нерӯҳои горди ҳифозати Созмони амнияти федерали Русия кушта шуд ва панҷ нафар аз нерӯҳои амниятӣ ва обирони пиёда ба шиддат захмӣ шуданд. Бархе манобеъ теъдоди куштаҳоро ду нафар эълом карданд.

Бар асоси ин гузориш нерӯҳои полиси вижаи Русия пас аз ҳудуди ним соат табодули оташ, ин шахси мусаллаҳро бо партоби тир аз пой дароварданд.

Сохтмони марказии Созмони амнияти федерали Русия дар майдони Лубянка ва наздики маконҳои муҳимме ҳамчун Дума, кохи Кремл ва Шурои Федератсияи Русия воқеъ шудааст.

Барчасп