Декабр 22, 2019 11:59 Asia/Dushanbe
  • Ширкати саҳюнистӣ телефонҳои ҳамроҳи мақомоти Покистонро ҳак кард

Як ширкати саҳюнистии фаол дар ҷанги киберӣ, телефони ҳамроҳ камаш 20 нафар аз мақомоти покистониро ҳак кардааст.

Ба нақл аз Гардян, расонаҳои покистонӣ гузориш доданд, ки ширкати NSO group-и Исроил, иттилооти марбут ба ҳисобҳои шахсии мақомҳои баландпояи чандин кишвар аз ҷумла Покистонро сирқат кардааст.

Манобеи огоҳ ба Гардян гуфтаанд, ки бо баррасии ҳазору 400 маврид мушаххас шуд, ки телефони ҳамроҳи ин ашхос дар давраи замонии ду ҳафта ҳадафи ҳамлаи гиберӣ (ҳак) қарор гирифтааст.

Осибпазирии нармафзори пайёмрасони Ватсап ин иҷозаро ба ҳакерҳо дода, то ба пайёмҳо ва иттилооти аҳдофи худ, ки мақомоти баландпояи покистонӣ будаанд, даст пайдо кунанд.

Ифшои ин мавзӯъ муҷиб шуд Ватсап шикоятеро дар октябр алайҳи ширкати NSO group-и Исроил танзим ва ширкати саҳюнистиро ба сӯистифода аз хадамоти нармафзори ин пайёмрасон муттаҳам кунад.

Ширкати NSO group-и Исроил дар ҳакки телефонҳои ҳамроҳи рӯзноманигорон, фаолони ҳуқуқи башар, депломатҳо ва дигар мақомоти аршади давлатҳои хориҷӣ собиқадор аст.

 

Барчасп