Декабр 23, 2019 21:29 Asia/Dushanbe
  • Чопи нахустин Қуръон ба хатти брайл дар Покистон

Нахустин Қуръон ба хатти брайл барои истифодаи афроди нобино дар шаҳри Карочӣ, маркази иёлати Синди Покистон чоп шуд.

Ба гузориши Форс, нахустин Қуръон ба хатти брайл барои истифодаи афроди нобино дар шаҳри Карочии Покистон чоп шуд. То кунун 100 ҷилд аз ин Қуръон тавлид шуда ва чопхона низ эълом карда, нусахаи баъдӣ бо забонҳои мухталиф чоп хоҳад шуд.

Малайзия ва Шри-Ланка аз Қуръони брайли чопи Покистон истиқбол ва хоҳони тавлиди бештари он барои афроди нобино ҳастанд.

Қуръони хатти брайли Покистон дар 6 ҷилд чоп шудааст ва ҳар ҷилд шомили 5 ҷузъ аст.