Декабр 24, 2019 17:41 Asia/Dushanbe
  • Тарки таҳсили духтарони Афғонистон ба иллати ҷангу ноамнӣ

Беш аз шаст дарсади духтарони Афғонистон ба далоили ҷанг, ноамнӣ ва фақр маҷбур ба тарки таҳсил шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, ниҳоди таҳқиқотии ҳуқуқи занон ва кӯдакон имрӯз, сешанбе, дар ҷадидтарин назарсанҷӣ эълом кард, шасту се дарсади духтарони Афғонистон қабл аз понздаҳсолагӣ тарки таҳсил мекунанд. Бар асоси ин назарсанҷӣ, чиҳилу ҳашт дарсади мусоҳибон ҷангу ноамнӣ ва сию як дарсад аз онҳо фақру оворагии дохилиро омили тарки таҳсили духтарони афғон донистаанд, ҳамчунин бисту як дарсади духтарон ба далоили одобу русуми нописанди иҷтимоӣ маҷбур ба тарки таҳсил шудаанд.

Шумори кӯдакони маҳрум аз таҳсил дар Афғонистон ҳудуд се миллиону ҳафтсад ҳазор нафар эълом шудааст.

Ҷангу ноамнӣ дар ҳоле муҳимтарин иллати тарки таҳсили духтарон дар Афғонистон аст, ки чанде қабл Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид, ЮНИСЕФ эълом кард, рӯзона ба таври мутавассит 9 кӯдак дар Афғонистон кушта ё маълул мешавад.

 

Барчасп