Тавофуқи Киев ва мухолифони шарқи Украина барои мубодилаи асирон
(last modified Tue, 24 Dec 2019 13:06:07 GMT )
Декабр 24, 2019 18:06 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Киев ва мухолифони шарқи Украина барои мубодилаи асирон

Давлати Украина ва мухолифони шарқи ин кишвар бар сари табодули зиндониён то пеш аз соли ҷадиди 2020 ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Франс-24”, Дарко Алифер, сухангӯи музокиракунандагони давлати Украина рӯзи сешанбе гуфт, ҳамон тавр ки дар қатънома таъкид шуда буд, мо бар сари табодули асирон то пеш аз соли ҷадиди 2020 ба тавофуқ даст ёфтем.

Табодули усаро миёни ду тараф яке аз иқдомоти мавриди назар барои коҳиши таниш дар буҳрони шарқи Украина аст, ки дар нишасти нуҳуми декабри "Гурӯҳи нормандӣ" дар Порис ваъдаи он дода шуда буд. “Гурӯҳи нормандӣ” аз Русия, Украина, Фаронса ва Олмон ташкил шуда ва сарони ин кишварҳо чанд бор бо якдигар дар хусуси буҳрони Украина ва ҳаллу фасли масоили он бо Русия дидор ё гуфтугӯи телефонӣ кардаанд.

Русия ба тозагӣ ду новча ва як шиновари низомии Украинаро, ки дар моҳи ноябри соли 2018 дар тангаи Керч ҳамроҳи 24 малавони украинӣ ба ҷурми вуруди ғайриқонунӣ ба обҳои сарзамини Қрим тавқиф карда буд, ба Киев бозгардонд. Ду тараф ҳамчунин ба тозагӣ дар хусуси фурӯши гази Русия ба Украина ва транзити газ аз тариқи Украина ба Аврупо тавофуқ карданд.