Дастури хурӯҷи ҳафт ҳазор низомии ҳиндӣ аз Кашмир
https://parstoday.ir/tg/news/world-i49408-Дастури_хурӯҷи_ҳафт_ҳазор_низомии_ҳиндӣ_аз_Кашмир
Вазорати кишвари Ҳинд дастури хурӯҷи ҳудуди ҳафт ҳазор низомии ин кишварро аз минтақаи Кашмири таҳти назорати Ҳинд содир кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 25, 2019 13:10 Asia/Dushanbe
  • Дастури хурӯҷи ҳафт ҳазор низомии ҳиндӣ аз Кашмир

Вазорати кишвари Ҳинд дастури хурӯҷи ҳудуди ҳафт ҳазор низомии ин кишварро аз минтақаи Кашмири таҳти назорати Ҳинд содир кард.

Вазорати кишвари Ҳинд рӯзи чоршанбе ба ҳафт ҳазор низомии худ дастур додааст, то ба пойгоҳҳои худ дар манотиқи мухталифи ин кишвар бозгарданд.

Аввалҳои ин моҳ Вазорати кишвари Ҳинд дастури ақибнишинии ҳудуди 2 ҳазор нерӯи низомии ин кишварро аз Кашмир содир кард.

Ҳинд солҳост бо мустақар кардани садҳо ҳазор низомӣ, манотиқе аз Кашмирро таҳти назорати худ дароварда ва дар муддати се даҳа, даҳҳо ҳазор нафарро ба қатл расондааст.