Бозгашти Робин Гуд дар Крисмас
Декабр 25, 2019 14:53 Asia/Dushanbe
Марде 65-сола дар Амрико, ки миқдори зиёде пул аз бонк дуздида буд, пас аз хурӯҷ аз бонк пулҳои дуздидашударо ба ҳаво парт кард ва Крисмасро ба мардум табрик гуфт.
Ба нақл аз хабаргузории Рейтерз, Дэвид Ван Оливер бо таҳдид ба истифода аз аслиҳа, ба бонки Академияи шаҳри Колорадо дастбурд зад ва пас аз он, ки бонкро бо миқдори номаълуми пул тарк кард, пулҳоро аз киса берун овард, ба ҳаво парт кард ва фарёд зад: Крисмас муборак!
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, роҳгузарон миқдоре аз пулҳоро ҷамъоварӣ карда ва ба бонк бозгардонданд.
Дузд низ ба қаҳвахонае дар он наздикӣ рафт ва ба интизори пулис нишаст.
Барчасп