Декабр 25, 2019 21:41 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби қонуни интихоботи Ироқ, гоме рӯ ба пеш

Парлумони Ироқ рӯзи гузашта ( 24 Декабр ) қонуни нави интихоботи ин кишварро,ки шомили 50 мода аст, тасвиб кард.

Тағйири қонуни интихобот, тағйири  қонуни асосӣ, барканории нахуствази ва ташкили кабинаи нав аз хостаҳои муҳими муътаризони ироқӣ буд. Баъд аз канорагирии нахуствазир  интисоби аъзои камисариёи олии мустақили интихобот, яке дигар аз мутолибаҳои муътаризони ироқӣ бо тасвиби қонуни нави интихоботи ин кишвар таъмин шуд. Қонуни пешини интихоботи Ироқ аз ҷумлаи қавонине аст,ки амрикоиҳо барои Ироқ таҳия карда буданд.

Қонуни нави интихоботи Ироқ ду тафовути асосӣ бо қонуни қаблии интихоботи ин кишвар дорад.

 Аввалин тафовут ин аст,ки дар қонуни пешин райдиҳандагон ба листҳои интихоботии Аҳзоб, афродро интихобот хоҳанд кард. Ин шароит зимни ин,ки таъаҳуди афродро ба аҳзоб кам мекунад, сабаби тағйир ё дасти кам коҳиши нигоҳи фирқаӣ ва саҳмияе ба сиёсат ва ҳукумат дар Ироқ хоҳад шуд. Дар воқеъ, қонуни нави интихоботи Ироқ номзадмеҳвар аст на ҳизбмеҳвар. Аз ин рӯ, Муқтадӣ Садр, раҳбари Ҷараёни Садри Ироқ бо истиқбол аз қонуни нави интихоботи Ироқ,гуфт яке дигар аз хостаҳои мардуми Ироқ бароварда шудааст.

Дуввумин тафовут ин аст,ки мутобиқи моддаи 15 қонуни нав, ҳар намояндаи парлумон як ҳавзаи интихоботиро намояндагӣ хоҳад кард ва ин раванд,ки гурӯҳҳои интихоботии намояндагии тамоми устонро уҳдадор шаванд, поён хоҳанд пазируфт. Дар воқеъ, дар қонуни нав ҳар устон ба таври дастаҷамъӣ ҳайати намояндагӣ дар парлумон нахоҳад дошт бал,ки ҳавзаи интихоботӣ, намояндаи худро ба парлумон мефиристад. Ин тағйир сабаб мешавад,ки намояндаи парлумон дар баробари ҳавзаи интихоботии худ масулияти бештар бошад.

Ин модда аз қонуни интихоботи Ироқ пеш аз ин бо эътирози бархе ҷараёнҳо мувоҷаҳ ва сабаби таъхир дар тасвиби ин қонун шуда буд.

 Бо ин ҳол, қонуни нави интихобот ва ба хусус банди марбут ба ҳавзаҳои интихоботии рӯзи гузашта низ бо эътирози курдҳо,бархе гурӯҳҳои аҳли суннат ва шуморе аз ақалиятҳо мувоҷаҳ шуд ва дар ҷаласаи райгирӣ ширкат накарданд,аммо парлумон аз ҳадди нисоби лозим наяфтод. Ин мухолифат нишон медиҳад ҳамчунон бархе Ҷараёнҳо нигоҳи фирқаӣ ва саҳмияе ба қудрат дар Ироқ доранд,дар ҳоле,ки поён додан ба фирқагароӣ ва саҳмиягароӣ аз муҳимтарин ҳадафҳои эътирозҳое аст,ки аз 1 октиябри 2019 оғоз шуд ва ҳамчунон бо мудохилаи бозигарони хориҷӣ идома дорад.

Тасвиби қонуни нави интихобот гоме рӯ ба пеш дар Ироқ аст. Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Алҳалбусӣ раиси парлумони Ироқ низ рӯзи гузашта фроксиюни Албаноъ ро ба унвони фроксиюни аксарият ба Барҳам Солеҳ ,раиси ҷумҳурии ин кишвар муарифӣ кард. Акнун фроксиюни Албаноъ бояд номзадии худро барои тасадии пусти нахуствазирро муарифӣ кунад то ҷонишини Одил Абдулмаҳдӣ,ки истиъфои вай якуми декабр аз суи парлумон пазируфта шуд,муарифӣ шавад. Бояд мунтазир монд ва дид оё ҷараёнҳои сиёсӣ иҷозаи  муарифии нахуствазири нав аз канали парлумонро медиҳанд ё савор бар мавҷи майдони  Алтаҳрир ва рафторҳои пупулистӣ мешаванд.