Кумаки мусулмонони Калифорния дар шаби Christmas ба ниёзмандон
Декабр 25, 2019 21:51 Asia/Dushanbe
Гурӯҳе аз мусулмонони иёлати Калифорния дар шаби соли нави мелодӣ ё Christmas (шаби таваллуди ҳазрати Исо) бастаҳои ғизо барои афроди ниёзманд таҳия карданд.
Ба гузориши ИКНА, ин иқдомро гурӯҳи хайрияи American Muslim Voices дар шаҳри Сакраменто анҷом доданд.
Ин ҳафтумин соле аст, ки аъзои ин гурӯҳи хайрия дар шаби Christmas барои кумак ба афроди ниёзманд бастаҳои ғизо таҳия мекунанд.
Холид Саид, раиси ин гурӯҳи хайрия гуфт, мелоди ҳазрати Исо (а) барои мусулмонон ҳам муносибати муҳим аст, бинобар ин бо кумак ба ниёзмандон талош мекунем, ки дайни худро ба ҷомеа адо кунем.