Размоиши Эрон, Русия ва Чин; размоише сеҷониба бо пайёми ҷаҳонӣ
Нахустин размоиши дарёии сеҷонибаи Эрон, Русия ва Чин дар чорчуби тақвият ва афзоиши амнияти тиҷорати байналмиллалӣ дар шимоли уқёнуси Ҳинд ва дарёи Уммон баргузор мешавад.
Сардор сартиб посдор Абулфазл Шикорчӣ, сухангӯи баландпояи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи ҷаҳоршанбе бо баёни ин ки размоиши муштараки Эрон, Русия ва Чин аз аҳамияти хоссе бархурдор аст гуфт, уқёнуси Ҳинд ва дарёи Уммон аз минтақаҳои калидии тиҷорати ҷаҳонӣ ба ҳисоб меоянд ва кишварҳои бисёре дар ин минтақаҳо тараддуд мекунанд ба ҳамин сабаб барқарории амният дар ин минтақа муҳим ва ҳаётӣ аст.
Эрон ҳамвора ба амнияти дарёӣ таваҷҷуҳ доштааст ва новгуруҳҳои нерӯи дарёии артиши Эрон дар ҳамин чорчуб дар минтақаҳои мухталифи дарёӣ ҳузури муассир доранд. Мубориза бо терроризм ва дуздии дарёӣ ҳадафи аслии маъмурияти новгуруҳҳои эъзомии нерӯи дарёии артиши Эрон ба обҳои байёналмиллалӣ аст, ки нақши муҳиме дар барқарории амнияти дарёӣ барои тиҷорати байналмиллалӣ аз тариқи оброҳҳои байналмиллалӣ дорад.
Яке аз минтақаҳои муҳими тиҷорати дарёӣ, шимоли уқёнуси Ҳинд ва дарёи Уммон аст ва ҳоким будани амнияти пойдор дар ин минтақа ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи кишварҳо будааст. Дар ҳамин чорчуб Эрон, Русия ва Чин то ду рӯзи оянда размоиши муштараки дарёиро бо ду кори вижаи муҳими амнияти дарёӣ ва имдодрасонии дарёӣ шуруъ мекунанд.
Ҳар се кишвари Эрон, Русия ва Чин таҷрибаҳои муштараке да заминаи дарёӣ доранд, ки бо баргузории размоиши муштарак ва ба иштирокгузории ин таҷрибаҳо, амнияти ҷамъии дарёиро дар минтақаи роҳбурдии шимоли уқёнуси Ҳинд ва дарёи Уммон беш аз пеш тазмин мекунад.
Тараддуди густардаи киштиҳо аз минтақаи роҳбурдии уқёнуси Ҳинд ва дарёи Уммон ба унвони шараёни аслии тиҷорати байналмиллалӣ ва энержӣ беш аз пеш таваҷҷуҳ ба мақулаи амниятро дучандон мекунад ва дар ҳамин чорчуб баргузории размоиши муштараки Эрон, Русия ва Чин маънои муҳиме дар паҳлуи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дорад.
Нахустин пайёми ин размоиши муштарак ин аст, ки кишварҳои минтақа бонии аслии барқарории амният дар шоҳроҳи аслии тиҷорати дарёӣ ҳастанд ва ҳузури нерӯҳои фароминтақаӣ кумаке ба ин мақулаи асосӣ намекунад.
Пайёми дигари размоиши муштараки дарёии Эрон, Русия ва Чин сиёсӣ аст ва нишон аз ҳамкории роҳбурдии се кишвар дар арсаҳои мухталиф аз ҷумла ҳамкории дарёӣ-низомӣ-мададрасонӣ аст.
Илова бар ин Русия муттаҳиди роҳбурдии Эрон дар арсаи сиёсӣ ва ҳамкории низомӣ дар минтақааст ва Чин ҳам бузургтарин харидорони нафти Эрон аст ва дар натиҷа ҳамкории ин се кишвар дар баргузории размоиши муштараки дарёӣ дорои пайём барои дигар қудратҳост.
Дар ҳамин замина хабаргузории Анатолии Туркия дар гузорише дар бораи размоиши муштараки дарёии Эрон, Русия ва Чин дар шимоли уқёнуси Ҳинд ва дарёи Уммон ба нақл аз таҳлилгарони геополотик ва равобити байналмиллал навишт, ин размоиш дар воқеъ намоиши қудрат дар баробари Амрико аст.
Размоиши дарёии сеҷонибаи Эрон, Русия ва Чин дар арсаи ҷаҳонӣ руйдоди маънодоре аст ва нишон медиҳад ин кишвар илова бар сатҳи хуби ҳамкории сиёсӣ дар арсаи низомӣ ҳам ба дунболи густариши ҳамкорӣ ҳастанд, ки натиҷаи он тазмини амнияти ҷамъӣ аст.