Декабр 26, 2019 18:33 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Имрон Хон аз рафтори табъизомези давлати Ҳинд бо мусалмонон

Нахуствазири Покистон бори дигар рафтори табъизомези давлати Ҳинд бо мусалмонон, интиқод кард.

Имрон Хон рӯзи панҷшанбе дар суханоне бо ишора ба тасвиби қонуни шаҳрвандии ҷадиди Ҳинд афзуд, ин қонун танҳо барои ба ҳошия кашидани мусалмонон аст.

Нахуствазири Покистон афзуд, давлати Ҳинд дар ҳоле муддаӣ дунявӣ будан аст, ки ба сурати ошкоро мусалмононро таҳти фишор қарор додааст.

Имрон Хон таъкид кард, вазъияти кунунии мусалмонони Ҳинд муҳри  таъйде аст, бар амалкарди бунёнгузорони Покистон, ки бо дарки саҳеҳи шароит ба ин натиҷа расиданд, мусалмонон ва ҳиндуҳо наметавонанд дар канори ҳам зиндагӣ кунанд.

Қонуни шаҳрвандии ҷадиди Ҳинд бар ҳиндуҳо, масеҳиён ва дигар ақаллиятҳои динӣ, ки ба таври ғайриқонунӣ вориди ин кишвар мешаванд, эъмол мешавад ва раванди қонунӣ шудани шаҳрвандии ононро тасҳил мекунад, аммо шомили ҳоли муҳоҷирони мусалмон намешавад.

Маҷлиси Сенои Ҳинд ахиран лоиҳаи эътои шаҳрвандӣ ба ақаллиятҳои ғайри мусалмон аз кишварҳои ҳамсояро тасвиб кард, ки бо мухолифат ва интиқоди шадиди мусалмонони Ҳинд ва минтақа рӯбарӯ шудааст.

 

Барчасп