Декабр 28, 2019 19:31 Asia/Dushanbe
  • Рӯзномаи саҳюнистӣ: Эрон, Русия ва Чин сегӯшаи нави қудрат дар ҷаҳон

Рӯзномаи Таймзи режими саҳюнистӣ бо ишора ба баргузории размоиши дарёии Эрон, Русия ва Чин дар уқёнуси Ҳинд, Теҳрон, Маскав ва Пекинро сагӯшаи нави қудрат дар ҷаҳон тавсиф кард.

Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзномаи Таймзи режими саҳюнистӣ рӯзи шанбе дар гузорише бо ишора ба бетаъсир будани таҳримҳои Амрико барои мунзавӣ кардани Эрон навишт, Исроил дар минтақаи ғарби Осиё танҳо мондааст.

Размоиши дарёии муштараки Эрон, Русия ва Чин аз рӯзи ҷумъа бо пайёми сулҳ, дустӣ ва амнияти пойдор дар сояи ҳамкорӣ ва иттиҳоди ҷамъӣ дар шимоли уқёнуси Ҳинд ва дарёи Уммон оғоз шуд ва то рӯзи душанбе идома хоҳад дошт.

Дар ин размоиш тамриноти тактикии мутанавие аз ҷумла наҷоти шиновари дучори оташсӯзӣ, озодсозии шиновар ва тирпаронӣ алайҳи ҳадафҳои мушаххас дар дарё тавассути нерӯҳои се кишвар анҷом хоҳад шуд.

 

Барчасп