Пиртарин каргадани ҷаҳон мурд
Каргадан (носорог)-и сиёҳе, ки гумон меравад пиртарин ҳайвон дар гунаи худ бошад дар синни 57 солагӣ мурд.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, бар асоси эъломи мақомоти Танзания ин каргадани мода, ки Фусто ном дошт ва ниме аз умри худро дар боғи ваҳши Ngorongoro гузаронда буд рӯзи шанбе 27 декабр бар асари авомили табиӣ ҷон сипурд.
Баррасиҳо нишон медиҳад Фусто бештар аз ҳар каргадани дигаре умр кардааст.
Бино бар эъломи мақомоти боғи ваҳш, Фусто дар соли 1965 тавассути донишманде аз донишгоҳи Дорулсалом ва дар синни се ё чаҳор солагӣ дар минтақаи Ngorongoro мустақар шуд, вале бо таваҷҷуҳ ба бурузи мушкилоте дар саломаташ дар соли 2016 қарантина шуд.
Як каргадани модаи сафед ба номи Сана низ, ки 55 солааст пиртарин каргадани сафед дар ҷаҳон ба шумор меравад ва аз соли 2017 дар Париж дар қарантина нигаҳдорӣ мешавад.
Ба бовари донишмандон умед ба зиндагии каргаданҳо дар ҳаёти ваҳш байни 37 то 43 сол аст, вале дар қарантина беш аз 50 сол метавонанд зиндагӣ кунанд.