Декабр 29, 2019 11:36 Asia/Dushanbe
  • Ваҳшати Амрико аз нотавонӣ дар муқобила бо иттиҳоди дарёии Эрон, Чин ва Русия

Узви Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Маҷлиси намояндагони Амрико гуфт, набояд ба содагӣ аз пайёмадҳои размоиши муштараки дарёии Эрон, Чин ва Русия гузашт.

Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷим Банкс намояндаи ҷумҳурихоҳ ва узви Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Факс-Ниюз дар бораи размоиши муштараки Эрон, Русия ва Чин дар уқёнуси Ҳинд гуфт, гирди ҳам омадани новгони дарёии ин се кишвар дар канори якдигар барои як размоиши таҳриккунанда тавоне фаротар аз новгони дарёии Амрико хоҳад дошт ва набояд ба содагӣ аз канори ин мавзӯъ бигзарем.

Ҷим Банкс афзуд, ҳузури Чин дар канори Эрон занги хатаре барои Амрико аст ва фишори ҳадиаксарӣ ба Эрон бояд идома ёбад.

Размоиши муштараки Эрон, Русия ва Чин, ки аз рӯзи ҷумъа 27 декабр оғоз шуд ва чаҳор рӯз идома дорад бахше аз шимоли уқёнуси Ҳиндро дар бар мегирад.

Дар ин размоиш дарёнавардони русӣ, эронӣ ва чинӣ, сенарияҳое аз ҷумла барпоии мановри муштарак, барои муқобила бо дуздии дарёӣ ва кумак ба киштиҳо замони хатар ва амалиёти зиддитеррористиро тамрин мекунанд.

Ин нахустин бор пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ аст, ки Эрон размоиши муштараке бо ду қудрати дарёии бузурги ҷаҳон дар чунин сатҳе баргузор мекунад.

Барчасп