Хурофаҳои боварнакардании ҳиндиҳо барои шифо гирифтан аз фузулоти гов+видео
https://parstoday.ir/tg/news/world-i49506-Хурофаҳои_боварнакардании_ҳиндиҳо_барои_шифо_гирифтан_аз_фузулоти_гов_видео
Дар хурофае аҷиб, мардумони минтақае дар Ҳинд барои шифо ёфтани кудакони дорои нотавонии ҷисмӣ, онҳоро ҳангоми хуршедгирифтагӣ дар партови гов дафн мекунанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 29, 2019 11:46 Asia/Dushanbe

Дар хурофае аҷиб, мардумони минтақае дар Ҳинд барои шифо ёфтани кудакони дорои нотавонии ҷисмӣ, онҳоро ҳангоми хуршедгирифтагӣ дар партови гов дафн мекунанд.

Дар ин видео се кудак то ноҳияи гардан дар зери партови гов дафн шудаанд ва яке аз онҳо аз шиддати тарс гиря мекунад.

Ин ҳодиса дар минтақаи Калабурагӣ воқеъ дар иёлати Карнатака дар ҷануби Ҳинд рух дод.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллии Ҳинд теъдоди кудакони нотавони ҷисмӣ, ки дар рӯзи хуршедгирифтагӣ зери партови гов дафн шуданд 6 нафар будааст.

Пас аз интишори ин видео маъмурони маҳаллии ҳифозат аз кудакон бо ҳузур дар маҳалли ҳодиса тавонистанд ҳар шаш кудакро наҷот диҳанд.

Полис аз изҳори назар дар ин бора худдорӣ кардааст.