Балое, ки модари бомбҳо бар сари афғонҳо овардааст+видео
Декабр 29, 2019 09:31 Asia/Dushanbe
Партоби бузургтарин бомби ғайриатомии Амрико ду сол пеш дар вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон осебҳои зиёдеро барои мардуми ин минтақа дар пай доштааст.
Низомиёни амрикоӣ ду сол пеш бузургтарин бомби ғайриатомии худ маъруф ба модари бомбҳоро ба рустои Асад Хил аз тобеаҳои шаҳристони Ачин партоб карданд, ки партоби ин бомб акнун сабаби ба вуҷуд омадани анвои бемориҳо дар ин минтақа шудааст.
Модари бомбҳо фақат яке аз бомбҳоест, ки мардум ва намояндагони вилояти Нангарҳори Афғонистон хостори таҳқиқ дар мавриди аворизи он шудаанд ин дар ҳолест, ки низомиёни амрикоӣ рӯзона ба таври мутавассит сӣ бомб дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон партоб мекунанд.