Кашфи ҳудуди 2 миллиард тонн захоири нафту газ дар Чин
Ширкати нафту гази табиии Чин эълом кард, дар идомаи талош барои иктишоф ва истихроҷи нафту газ, ин кишвар як миллиарду 840 миллион тонн захоири ҷадид нафту гази табиӣ кашф кардааст.
Ба гузориши ИРНА, Ван Йи Лин, раиси ҳайати мудираи ширкати нафту гази табиии Чин рӯзи душанбе гуфт, ин ширкат ҳамвора барои иктишоф ва истихроҷи муассир, тавсеаи фанноварии ҷадид ва иртиқои короӣ, талош карда ва дар соли 2019 ҳам дар иктишофи нафту гази ҷадид ба рекорди ҷадид даст ёфтааст.
Ӯ гуфт, имсол майдони бузурги нафтии Чинг Чанг бо захоире дар ҳудуди як миллиард тонн нафт, майдони газии Шил бо зарфияти ҳазор миллиард метри мукааб, ду майдони гази табиӣ бо зарфияти ҳазор метри мукааб ва чанд майдони дигари нафт ва газ кашф шудааст.
Вай изҳор кард, Чин дар соли 2019 ҳудуди 5 миллиард юан ба иктишофи захоири ҷадиди нафт ва газ ихтисос додааст.
Бо ин ҳол муассисаи таҳқиқоти фанноварӣ ва иқтисоди ширкати миллии нафти Чин эълом кардааст, воридоти нафт ва гази табиии ин кишвар дар соли 2019 афзоиш ёфтааст.
Чин аз соли 1993 милодӣ ба яке аз бузургтарин воридкунандагони нафт ва гази ҷаҳон табдил шудааст ва акнун наздик ба 60 дарсад аз нафти мавриди ниёзашро аз хориҷ таъмин мекунад.
Ин кишвар ҳамчунин бо ҳадафи таъмини энержии худ, аввалин масири интиқоли гази табиӣ аз Осиёи Марказӣ ба ин кишварро дар соли 2009 мавриди баҳрабардорӣ қарор дод ва акнун се хатти лӯла барои интиқоли гази Қазоқистонн ва Узбакистонн ба Чин вуҷуд дорад, ки солона 55 миллиард метри мукааб гази табииро ба Чин мунтақил мекунад.