Декабр 31, 2019 11:02 Asia/Dushanbe
  • Бозгардондани 778 террористи хориҷӣ аз Туркия

Туркия 778 террористи хориҷиро ба кишварҳояшон бозгардондааст.

Ба нақл аз Форс, Сулаймон Сивило вазири кишвари Туркия гуфт, давлати ин кишвар таи соли 2019 теъдоди 778 террористи хориҷиро ба кишварҳояшон бозгардондааст.

Сивило бо ироаи омори террористҳои хориҷӣ, ки ба кишварҳояшон бозгардонда шудаанд, аммо ишорае ба ин ки ин теъдод аз унсурҳои ДИИШ буданд ё на накард.

Вай пештар ҳам бо интиқод аз кишварҳои аврупоӣ ба далели напазируфтани шаҳрвандони худ, ки ба гуруҳҳои террористӣ дар минтақа (Сурия ва Ироқ) пайваста буданд, гуфта буд Туркия ҳотели террористҳои онҳо нест.

Тибқи оморе, ки давлати Туркия мунташир карда ин кишвар то кунун 7500 террористи хориҷии диишииро ба кишварҳояшон бозгардонда ва ҳануз низ беш аз 1140 диишии хориҷӣ дар зиндонҳои Туркия боздошт ҳастанд.

Ба дунболи ҳамлаи артиши Туркия ба шимоли Сурия, ки ба баҳонаи муқобила бо ниманизомиёни курд ва бозгардондани паноҳҷӯёни сурӣ ба хоки кишварашон анҷом шуд; давлати Раҷаб Таиб Эрдуғон кишварҳои ғарбӣ ба вижа аврупоиҳоро таҳдид кард, ки дар сурати адами ҳимоят аз ин тасмим ҳазорон унсури диишӣ ҳатто агар тобеияти онҳо лағв шуда бошадро ба кишварҳояшон боз мегардонад.