Декабр 31, 2019 12:50 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои Эрон ва Чин

Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Чин бар густариши ҳамкориҳои ду кишвар таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе дар дидор бо Ванг Йи вазири умури хориҷаи Чин дар Пекин бо ишора ба ҳимояти ин кишвар аз чандҷонибагароӣ гуфт, нақши Чин дар ҳимоят аз масоили байналмиллалӣ аз ҷумла масоили марбут ба Эрон бисёр муҳим аст. Зариф бо интиқод аз таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Эрон муқобилаи ҷомеаи байналмиллалӣ бо якҷонибагароӣ ва ҳимоят аз чандҷонибагароиро хостор шуд. Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба барқарории равобити стратегӣ миёни Теҳрон ва Пекин гуфт, иртиқои равобити ду кишвар ба сатҳи роҳбурдӣ, баёнгари иштиёқи Теҳрон ва Пекин барои афзоиши таомулот ва равобит аст. Ванг Йи вазири умури хориҷаи Чин низ бо ишора ба қидмати равобити ду кишвар бар густариш ва тақвияти ин равобит таъкид кард. Вазири умури хориҷаи Эрон дар садри ҳайате олирутба барои дидор ва гуфтугӯ бо вазири умури хориҷаи Чин имрӯз сешанбе вориди Пекин шуд.