Декабр 31, 2019 18:21 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи Толибон: Оташбас пеш аз хурӯҷи амрикоиҳо мумкин нест

Як саркардаи Толибон гуфт, пеш аз хурӯҷи тамоми низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон барқарории оташбас ва оғози гуфтугӯҳо бо давлати ин кишвар мумкин нест.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Мавлавӣ Мансур таъкид кард, то замоне ки Афғонистон таҳти ишғоли амрикоиҳост, оташбас имконпазир нест. Вай таъкид кард, вақте ишғолгарони амрикоӣ Афғонистонро тарк кунанд, пас аз он гуфтугӯҳо байни тарафҳои афғон оғоз мешавад. Ин дар ҳолест, ки Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ду рӯз пеш эълом карда буд, то кунун тасмиме дар хусуси оташбас байни ин гурӯҳ ва Амрико гирифта нашудааст. Фазлҳодӣ Мусалламёр, раиси Маҷлиси сенои Афғонистон низ таъкид кард, оташбаси якҷонибаи Амрико ва Толибон ба манзалаи поёни ҷанг дар ин кишвар нест ва ин оташбас бидуни ҳузури давлати Ашраф Ғанӣ ҳеҷ суде барои мардуму давлат надорад.

 

Барчасп