Январ 01, 2020 21:25 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Трамп ба густариши эътирозҳои  зидди амрикоӣ дар Ироқ

Амрико да се даҳаи ахир яъне аз ҷанги аввали Халиҷи Форс дар соли 1991 ва муҳосираи Ироқ ва сипас таҳоҷум ба Ироқ ва ишғоли он дар соли 2003 ҳамвора талош карда то зимни ҳифзи нерӯҳо ва пойгоҳҳояш, дар умури дохилии Ироқ низ мудохила намояд. Ин рӯйкарди Вашингтон бо вокуниши манфии ироқиҳо мувоҷаҳ шуда ва мардум ва Ҳизбҳо ва гурӯҳҳои ироқӣ борҳо бар лузуми хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ таъкид кардаанд.

Ин хости мардуми Ироқ пас аз ҳамлаҳои Амрико алайҳи чанд пойгоҳи Ҳашдушшаъбӣ  дар устони Аланбор дар ғарби Ироқ шиддат ёфта ва муҷиби баргузории тазоҳуроти мардумӣ муқобили сафорати Амрико дар Бағдод шуд,ки ин масала вокуниши шитобомези мақомоти аршади амрикоиро  дар пай дошт. Ҳазорон ироқӣ,рӯзи сешанбе 31 декабр пайкарҳои шуҳадои Ҳашдушшаъбӣ ,ки дар ҳамлаи таҷовузкоронаи артиши Амрико ба мавозеъи Ҳашдушшаъбӣ  дар устони Аланбор ба шаҳодат расида будандро намози ҷаноза хонданд ва муқобили сафорати Амрико дар Бағдод таҷамуъ ва эътироз карданд. Муътаризон зимни ба оташ кашидани яке аз вурӯдиҳои сохтмони ин сафоратхона аз деворҳои ин сафорат боло рафта ва бо ба болобурдани  парчамҳои  Ҳашдушшаъбӣ , шиори марг ба Амрико сар доданд. Мардуми муътариз зимни эъломи баргузории паноҳҷуӣ муқобили сафорати Амрико хоҳони баста шудани он ва ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар шуданд. Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи сешанбе дар вокуниш ба тазоҳуроти густардаи мардуми Ироқ муқобили сафорати Амрико дар Бағдод дар ҳисоби ТВИТТЕРИИ худ навишт ;  интизор дорем Ироқ аз нерӯи низомии худ барои муҳофизат аз сафоратамон дар Бағдод истифода кунад ва ҳаминтавр ҳам ба онҳо гуфта шудааст. Трамп дар идомаи ТВИТТ и худ Ҷумҳурии исломии Эронро мутаҳам ба барпоии ин тазоҳурот кард.

Дар воқеъ Трамп ба ҷои ин,ки ба далелҳои мухталифи мардуми Ироқ бо ҳузури Амрико дар ин кишвар бипардозад, талош карда то фирор ба пеш, Эронро омил ва муҳарики эътирозҳои густарда зидди амрикоии мардуми Ироқ қаламдод кунад. Ин дар ҳоле аст,ки ироқиҳо дар се даҳаи гузашта шоҳиди он будаанд,ки амрикоиҳо ба баҳонаҳои мухталиф ин кишвар ва мардуми онро ҳадафи ҳамлаҳои мутаадади мушакӣ ва ҳавоӣ қарор дода ва саранҷом дар соли 2003 бо ҳамла ба Ироқ,онро барои чанд сол ба ишғол дароварданд.

Таи ин мудат ҳокимони амрикоии Ироқ монанди  Пол Бремер,ки аз  моҳи майи 2003 то июни 2004 ба унвони ҳокими муввақати Ироқ ҳукумат кард илова бар суи мудирифт ва иқдомоти иштибоҳ,бисёр ба суиистифода аз  ихтилоси сарвати Ироқ пардохтанд.

Дар давраи ҳукмронии Бремер маблағҳои ҳангуфте гум шуд ва тасмимоти иштибоҳи зиёде монанди инҳилоли артиши Ироқ гирифта шуд. Амрикоиҳо аз соли 1991 то декабри 2011,ки расман дар давраи Абама бахши умдаи нерӯҳои низомияшонро аз Ироқ хориҷ карданд, омили марги садҳо ҳазор ироқӣ чи ба далели эъмоли таҳримҳо ва чи ба сабаби ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминӣ дар нуқтаҳои мухталифи ин кишвар ва низ бехонумонии миллионҳо ироқӣ буда ва ҳануз ҳам ба баҳонаҳои мухталиф ба куштори мардуми ин кишвар идома медиҳанд. Камо ин,ки пас аз ҳамлаи ракетӣ ба пойгоҳе дар  Каркук,ки сабаби кушта шудани як паймонкори амрикоӣ шуд, давлати Трамп ба ин баҳона, пойгоҳҳои Ҳашдушшаъбӣ ,ки бахше аз нерӯҳои мусалаҳи Ироқ ва унсури муҳим дар ҷанги зидди ДИИШ бударо ҳадафи ҳамла қарор дод. Ин кор нақзи ҳикимияти Ироқ ва иқдомҳои ҷинояткорона аст.

Амрикоиҳо ба ҷои маъзаратхоҳӣ ба таҳдиди давлат ва мардуми Ироқ пардохтаанд. Камо ин,ки ҳамзамон бо идомаи эътирозҳои мардуми Ироқ муқобили сафорати Амрико дар Бағдод, Майк Пампео вазири хориҷаи Амрико дар тамоси телефонӣ бо Барҳам Солеҳ раиси ҷумҳури ва Одил Абдулмаҳдӣ нахуствазири Ироқ талвиҳан муътаризони ироқиро таҳдид карда ва гуфт,ки Амрико аз атбоъи худ дифоъ мекунад.

Вазорати дифои Амрико Пентагон низ сешанбе шаб эълом кард, Вашингтон дар вокуниш ба ҳодисаҳои Ироқ қасд дорад 750 низомии амрикоиро дар минтақаи ғарби Осиё мустақар кунад. Ин иқдоми Амрико бо вокунишҳои манфӣ рӯ ба рӯ шудааст. Антониё  Гутерш Дабири кули Созмони Милалли Муттаҳид ахиран аз амрикоиҳо хост аз эҷоди таниш ва даргирӣ дар минтақа иҷтиноб кунанд. Бо ин ҳол шоҳидҳо нишон медиҳад,ки Вашингтон ба заъми худ қасд дорад ин гуна вонумуд кунад,ки  эътирозҳои густарда дар Ироқ таъсире бар сиёсати Амрико дар баробари Ироқ ва ғарби Осиё надошта ва Вашингтон ҳам чунон мусамам ба идомаи ҳузур дар ин кишвар ва минтақа аст.

Барчасп