Январ 02, 2020 11:27 Asia/Dushanbe
  • Толибон дубора ба марзи Тоҷикистон наздик шуданд

Шибҳи низомиёни гурӯҳи ифротии Толибон рӯзи гузашта бо ҳамла ба як посгоҳи амниятӣ дар шаҳристони Дарқад, аз тавобеъи устони Тахор дар шимоли Афғонистон дубора ба хатти марзӣ бо Тоҷикистон наздик шуданд.

Ба нақл аз сомонаи хабарии Хома, бар асоси гузоришҳо ду сарбози нерӯҳои амниятии Афғонистон дар як ҳамлаи гурӯҳи Толибон дар Вулусволии Дарқади Тахор кушта шуданд, аммо Забиҳуллоҳ Муҷоҳид сухангуи гурӯҳи Толибон иддаъо кардааст,ки дар ин ҳамла 16 тан кушта шудаанд.

Дарқад яке аз шаҳристонҳои устони Тахор дар шимол шарқи Афғонистон аст,ки бо кишвари Тоҷикистон ҳаммарз аст. Шаҳристонҳои устони Тахор дар шимол шарқи Афғонистон аст,ки бо кишвари Тоҷикистон ҳаммарз аст. Шаҳристони Дарқад дар асл ҷазирае воқеъ дар миёни руди Ому аст,ки ду кишварро аз ҳам ҷудо мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо аз наздик шудани гурӯҳи мусалаҳи ифротӣ дар шимоли Афғонистон ба марзҳои ин кишвар ибрози нигаронӣ кардаанд.