Январ 03, 2020 12:05 Asia/Dushanbe
  • Пентагон масъулияти террори фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдоронро бар ӯҳда гирифт

Вазорати дифои Амрико – Пентагон дар баёнияе масъулияти иқдоми ҷинояткорона ва мазбуҳонаи низомиёни амрикоӣ дар террори фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро бар ӯҳда гирифт.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати дифои Амрико – Пентагон рӯзи ҷумъа дар баёнияе эълом кард, ки террори сардор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо дастури Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико анҷом шуд.

Пентагон дар ин баёния муддаӣ шуд, ки ҳадафи ин ҳамла пешгирӣ аз барномаҳои ояндаи Эрон барои ҳамла буд.

Дар пайи ҷинояти мазбуҳонаи низомиёни амрикоӣ ва террори сардор Қосими Сулаймонӣ, Доналд Трамп тасвире аз парчами Амрикоро дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер мунташир кард.

Манобеи хабарӣ бомдоди ҷумъа аз шаҳодати сардори сарлашкар Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис, муовини фармондеҳи Созмони басиҷи мардумии Ироқ – “Ҳашдушшаъбӣ” дар ҳамлаи ракетии болгардҳои амрикоӣ ба фурудгоҳи байналмилалии Бағдод хабар доданд.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоияе эълом кард, сардори сарафрози Ислом Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ пас аз умре муҷоҳидат, бомдоди имрӯз (ҷумъа) дар ҳамлаи болгардҳои амрикоӣ ба шаҳодат расид”.

 

Барчасп