Бозтоби густурдаи хабари шаҳодати сардори сипаҳбуд - Қосими Сулаймонӣ дар матбуоти Туркия
Хабари шаҳодати сардори сипаҳбуд - Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар рӯзномаҳои имрӯз (ҷумъа) -и Туркия бозтоби густурдае дошт.
Рӯзномаи “Миллият” –и Туркия навишт: “Дар ҳамлаи мушакии Амрико ба фурудгоҳи Бағдод, сардор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис, аз фармондеҳони нерӯҳои “Ҳашдушшаъбӣ” -и Ироқ кушта шуданд”.
Ба навиштаи ин рӯзнома, оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар паёме ҳушдор доданд, интиқоми сахте дар интизори омилони ин сӯиқасд аст.
Рӯзномаи “Йени Шафақ”-и Туркия низ навишт: “Дар пайи шаҳодати фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис, муовини нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ “Алҳашдушшаъбӣ” дар ҳамлаи мушакии Амрико, ҳамаи чашмҳо ба пойгоҳҳои ин кишвар дар Ироқ дӯхта шудааст”.
Бар асоси ин гузориш, Амрико пас аз ишғоли Ироқ, пойгоҳҳои низомии зиёде дар ин кишвар доир кардааст.
“Йени Шафақ” дар хабари дигаре навишт: “Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар вокуниш ба шаҳодати сардор Қосими Сулаймонӣ гуфт, ин иқдоми террористии Амрико азми Эронро дар идомаи муқовимат росихтар хоҳад кард ва интиқоми вай гирифта хоҳад шуд”.
Рӯзномаи “Сабоҳ”-и Туркия низ навишт: “Сардор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорон, ки дар ҳамлаи мушакии нерӯҳои амрикоӣ ба фурудгоҳи Бағдод кушта шуд, ба унвони яке аз муассиртарин афрод дар таъйини сиёсатҳои Эрон аз Афғонистон то Ироқ ва аз Сурия то Лубнон шинохта мешуд”.
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” –и Туркия ҳам навишт: “Хабаргузориҳои байналмилалӣ хабари кушта шудани сардор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ҳамлаи мушакии нерӯҳои амрикоиро ба сурати фаврӣ ба ҳамаи ҷаҳон мухобира карданд.
Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис, муовини нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ “Ҳашдушшаъбӣ” ва чанд тани дигар бомдоди имрӯз (ҷумъа) дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ дар фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расиданд.