Январ 05, 2020 11:29 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Плосӣ аз гузориши Трамп дар мавриди террори сардор Сулаймонӣ

Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико, гузориши раиси ҷумҳури Амрико дар бораи террори фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро мубҳам донист.

Ба гузориши ИРНО, Нансӣ Плосӣ раиси Маҷлиси намояндагон Амрико рӯзи якшанбе дар твитте навишт, иқдоми низомии таҳрикомез, танишзо ва номутаносиби давлати Доналд Трамп раиси ҷумҳури ин кишвар дар террори сардор Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳамчунон нерӯҳои мусаллаҳ, депломатҳо ва шаҳрвандони амрикоӣ ва муттаҳидони Амрикоро ба мухотира меандозад.

Плосӣ дар идома навишт, гузориши табақабандишудаи Доналд Трамп раиси ҷумҳурии ин кишвар дар бораи қонуни ихтиёроти ҷангӣ беш аз он ки ба саволот дар бораи замон, равиш ва далели тасмим барои хусуматварзӣ алайҳи Эрон посух диҳад саволоти бештаре эҷод мекунад.

Раиси Маҷлиси намояндагон Амрико навишт, тасмими бисёр ғайримаъмули давлат барои табақабандӣ кардани ин санад ба бисёре аз нигарониҳо афзуда ва ҳокӣ аз он аст, ки конгира ва мардуми Амрико дар мавриди амнияти миллӣ дар бехабарӣ нигаҳ дошта мешаванд.

Плосӣ дар идомаи баёнияи худ навишт, оғози хусуматҳо бидуни касби иҷозатномаи ба коргирии нерӯи низомӣ алайҳи Эрон бидуни машварат бо конгираи Амрико анҷом шуд.

Тибқи қонуни ихтиёроти ҷангӣ, ки соли 1973 милодӣ дар конгираи Амрико ба тасвиб расид, раиси ҷумҳури ин кишвар бояд то 48 соат баъд аз анҷоми ҳамла, конгираро аз шароите, ки боиси ба коргирии нерӯҳои мусаллаҳ шудааст, мутталиъ кунад.