Январ 05, 2020 12:11 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби ташиъи пайкари шаҳидони Муқовимат дар расонаҳои Жопон ва Чин

Маросими ташиъи пайкари шаиҳдони Муқовимат аз ҷумла сардор сипаҳбуд ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ дар Бағдод пойтахти Ироқ дар расонаҳо ва матбуоти Жопон бозтоби густардае дошт.

НЧК телевизиони давлатии Жопон рӯзи шанбе дар гузорише эълом кард, даҳҳо ҳазор азодори хашмгини ироқӣ дар маросими ташиъи пайкари сардор Қосими Сулаймони фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар Бағдод ҳузур доштанд. Хабаргузории Киодо рӯзномаҳои Никӣ, Асаҳӣ, Шимбон ва Юмюрии Жопон низ маросими ташиъи пайкари шаҳидони Муқовиматро пушиш додаанд.

Маросими сугворӣ ва ташиъи бо шукуҳи пайкарҳои мутаҳҳари сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис муовини Созмони басиҷи мардумии Ироқ (Ҳашад Аш-Шаъбӣ) дар Бағдод пойтахти ин кишвар дар расонаҳои чинӣ низ бозтоби густардае ёфт.

Ба гузориши ИРНО, хабаргузории Шинҳуво шанбешаб дар гузорише зимни интишори тасовире аз ин маросим навишт, пайкарҳои фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ва муовини Созмони басиҷи мардумии Ироқ (Ҳашад Аш-Шаъбӣ) Ироқ, ки дар ҷараёни ҳамлаи ҳавоии низомиёни амрикоӣ ба шаҳодат расиданд ба шакли бошукуҳе тавассути мардуми Ироқ ташиъ шуданд. Телевизиони марказии Чин ҳам гузориш дод мардум аз шимолу ҷануби Бағдод дар ин маросим ҳузур ёфтанд. Торнамоҳои Чайна Ург, Чайна Дейлӣ ва Глубол Тоймзи Чин низ ахбори марбут ба маросими ташиъи пайкарҳои мутаҳҳари шаҳидон Сулаймонӣ ва Алмуҳандисро ба шакли густарда бозтоб ва хотирнишон карданд, иқдоми Амрико дар террори сардор Сулаймонӣ ва ёронаш боиси ташдиди танишҳо дар минтақа хоҳад шуд.