Январ 05, 2020 13:34 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Австрия барои миёнҷигарӣ миёни Эрон ва Амрико

Манобеи хабарӣ аз пешниҳоди раҳбари Ҳизби мардуми Австрия, барои музокира ва коҳиши танишҳо миёни Амрико ва Эрон дар сатҳи сарони ду кишвар хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Олмон, Себастиан Кортз, раҳбари Ҳизби мардуми Австрия эълом кард, шаҳри Вена омодааст дар сурате, ки Эрон ва Амрико бихоҳанд, то музокироти дигареро оғоз кунанд маҳалли ин гуфтугӯҳо бошад.

Раҳбари Ҳизби мардуми раҳбари Ҳизби мардуми Австрия афзуд, акнун мавзӯи муҳим пешгирӣ аз вахомати вазъият аст ва депломасӣ танҳо масири дуруст дар шароити ҳозир аст.

Мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон, ҳамвора шарти аслии музокира бо Амрикоро таҷдиди назар ва таваққуфи сиёсатҳои зидди эронии Кохи Сафед алайҳи мардуми Эрон унвон кардаанд.

Пешниҳоди Себастиан Кортз, дар шароите матраҳ мешавад, ки низомиёни амрикоӣ дар иқдоме ҷиноякоронаи сардор Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро террор карданд.

Сардор Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, Абумаҳдӣ Алмуҳандис ноиб раиси басиҷи мардумии Ироқ (Алҳашад Аш-Шаъбӣ) ва ҳамроҳони онҳо бомдоди ҷумъа севвуми январ дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ дар фурудгоҳи Бағдоди Ироқ, ба шаҳодат расиданд.