Январ 05, 2020 13:54 Asia/Dushanbe
  • Байден: Трамп бисёр хатарнок ва бемасъулият аст

Муовини раиси ҷумҳури собиқи Амрико бо ишора ба твити таҳдидомези раиси ҷумҳурии ин кишвар алайҳи Эрон таъкид кард, ки раиси ҷумҳурии феълӣ фарде бисёр хатарнок ва бемасъулият аст.

Ба гузориши пойгоҳи таҳлилии Политико, Ҷо Байден номзади пештози даври муқаддамотии Ҳизби демократ дар интихоботи раёсат ҷумҳурии 2020 Амрико дар вокуниш ба пайёми твиттерии рӯзи якшанбеи Доналд Трамп раиси ҷумҳури ин кишвар алайҳи Эрон вайро ба иттихози гомҳои ғайримасъулона муттаҳам кард ва гуфт, маълум нест Трамп бо машварати мушовиронаш ин ҳамалоти твитериро анҷом медиҳад ё бидуни иттилои онҳо иқдом ба чунин корҳое мекунад.

Номзади пештози демократҳо дар хусуси иқдомоти манфии Трамп афзуд, ҳеҷ раиси ҷумҳуре ҳақ надорад, ки Амрикоро бидуни ризояти огоҳонаи мардум ба сӯи ҷанг савқ диҳад ва дар ҳоли ҳозир намедонем, ки чи чизе дар зеҳни ин шахс мегузарад.

Раиси ҷумҳури Амрико дар пайёме твиттерӣ бо раҷазхонӣ алайҳи Эрон навишт, дар сурате, ки Эрон ба ҳар амрикоӣ ё манофеи Амрико ҳамла кунад Амрико ба 52 сойт дар дохили Эрон ҳамла хоҳад кард.

Ҳусайни Саломӣ фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ низ рӯзи шанбе дар вокуниш ба иқдоми ҷинояткоронаи низомиёни амрикоӣ дар террори фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба Амрико ҳушдор дод, террори сардор Сулаймонӣ як интиқомгирии роҳбурдиро дар пай дорад, ки мутмаинан ба ҳузури Амрико дар минтақа поён хоҳад дод.