Трамп дубора Эронро таҳдид кард
Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи якшанбе бори дигар ба таҳдиди низомии Эрон пардохт.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Доналд Трамп дар тозатарин ёвагӯии худ дар як пайёми твиттерӣ дар қолиби иттилоърасонӣ ба Конгираи Амрико муддаӣ шуд, дар сурате, ки Эрон дар вокуниш ба иқдоми террористии Амрико дар террори сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳадафҳо ё ашхоси амрикоиро ҳадаф қарор диҳад посухи Вашингтон ғайримутаносиб хоҳад буд.
Раиси ҷумҳури Амрико шанбешаб низ аз бими интиқоми сахти Эрон дар як пайёми твиттерӣ ба ёвагӯӣ алайҳи Эрон пардохта буд.
Раиси ҷумҳури Амрико дар пайёме твиттерӣ бо раҷазхонӣ алайҳи Эрон навишт, дар сурате, ки Эрон ба ҳар амрикоӣ ё манофеи Амрико ҳамла кунад Амрико 52 сойт (нуқта) дар дохили Эрон аз ҷумла чанд минтақаи фарҳангӣ ва таърихиро ҳадаф қарор хоҳад дод.
Ҳусайни Саломӣ фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ низ рӯзи шанбе дар вокуниш ба иқдоми ҷинояткоронаи низомиёни амрикоӣ дар террори фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба Амрико ҳушдор дод, террори сардор Сулаймонӣ як интиқомгирии роҳбурдиро дар пай дорад, ки мутмаинан ба ҳузури Амрико дар минтақа поён хоҳад дод.