Январ 07, 2020 14:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори амалиёти мушакӣ ва паҳподии Сафорати Амрико дар Риёз

Сафорати Амрико дар Риёз ҳушдори амалиёти мушакӣ ва паҳподӣ дод.

Ба нақл аз Форс, Сафорати Амрико дар Арабистони саудӣ барои дуввумин бор бо судури баёнияе ҳушдор дод, эҳтимоли амалиёти мушакӣ ва паҳподӣ вуҷуд дорад ва шаҳрвандони амрикоӣ бояд ниҳояти эҳтиётро дошта бошанд.

Сафорати Амрико дар севвуми янавр бо судур баёния, ҳушдоре мушобеҳ содир ва эълом карда буд, дар соаи ҳодисаҳои кунунии минтақа, тими депломатик тамоюл дорад, ки ҷомеаи амрикоиро ба ҳифзи бедории амниятӣ бештар ва пайравӣ аз иқдомоти амниятии мусолиматомез ҳангоми ҳузур дар Арабистон ёдоварӣ кунад.

Дар идомаи он пайём омада буд; сафорат иттилое дар бораи таҳдидоти мушаххас алайҳи манофеи Амрико ё шаҳрвандони амрикоӣ дар Арабистони саудӣ надорад, аммо дар гузашта бархе тарафҳои минтақаии ҳамалоти мушакӣ ва паҳподӣ алайҳи ҳадафҳои ғайринизомӣ ва низомӣ дар Арабистон анҷом доданд.

Сафорати Амрико афзуд, шаҳрвандони амрикои, ки дар наздикии пойгоҳҳои низомӣ ва зерсохтҳои ғайринизомии муҳим ба вижа дар минтақаи Шарқия ва минтақаҳои наздик ба марзи Яман зиндагӣ ё кор мекунанд дар маърази хатар ру ба афзоиши ҳамалоти мушакӣ ва паҳподӣ ҳастанд.

Аммо дар баёнияи Сафорати Амрико дар панҷуми январ ҷумлаи адами огоҳӣ аз таҳдидоти мушаххас ҳазф шуда ва ба шаҳрвандони амрикоӣ иқдомотеро, ки бояд анҷом шавад тавсия шудааст.

Сафорати Амрико эълом карда Арабистони саудӣ садоҳои ҳушдор дорад, аммо мумкин аст ҳеҷ ҳушдори пешинае дар бораи ҳамлаи мушакӣ ё паҳподӣ дода нашавад.