Тазоҳуроти зидди Трамп дар сохтмони сенати Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i49818-Тазоҳуроти_зидди_Трамп_дар_сохтмони_сенати_Амрико
Ҳудуди сад нафар аз мухолифони Трамп дар сохтмони сенати Амрико ҷамъ шуда ва хостори барканории вай ба хотири парвандаи “Украин-гейт” ва сиёсатҳои танишзои ӯ алайҳи Эрон шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 08, 2020 18:10 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти зидди Трамп дар сохтмони сенати Амрико

Ҳудуди сад нафар аз мухолифони Трамп дар сохтмони сенати Амрико ҷамъ шуда ва хостори барканории вай ба хотири парвандаи “Украин-гейт” ва сиёсатҳои танишзои ӯ алайҳи Эрон шуданд.

Ин муътаризон шиорҳое назири “Тармпро барканор кунед” - ро бар рӯйи либосҳои худ навишта ва дар салони вурудии сохтмони сенат ҳузур ёфтанд.

Ба гузориши “Форс”, полис бо ҳузур дар ин таҷаммуъ аз муътаризон дархост кард, аз сохтмон хориҷ шаванд, зеро анҷоми чунин эътирозоте дар дохили сохтмони сенат мамнуъ аст. Ҳамчунин полис таҳдид кард, дар сурати хориҷ нашудани муътаризон аз ин сохтмон, нерӯҳои полис инҳоро дастгир мекунад.

Муътаризон дар ин таҷаммуъ хостори барканории Трамп ба хотири мавориди дарҷшуда дар парвандааш шуданд, ки аз сӯи маҷлиси намояндагон мавриди таҳқиқ ва таъйид қарор гирифтаанд. Ҳамчунин ин афрод хостори таваққуф ёфтани сиёсатҳои танишзои давлати Амрико дар қиболи Эрон шуданд.

Бар асоси қавонини Амрико, пас аз анҷоми истезоҳ, сенат бояд ҷаласае шабеҳ ба як муҳокима барои Трамп  баргузор кунад, ки дар он сенаторҳо нақши ҳайати мунсифаро хоҳанд дошт.

Трамп дар вокуниш нисбат ба ҷаласаи муҳокима дар маҷлиси сенат дар ҳоле ки саъй кард ҳимоят аз худашро хостаи ҷумҳурихоҳон намоиш диҳад, гуфт: “Ин масъала ба МакКонел марбут аст ва мо аксариятро дар ихтиёр дорем (дар сенат) ва акнун онон (демократҳо) интизори кори фавқулодае аз ҷониби ӯ барои худашон доранд”.

Раисҷумҳури Амрико пештар эълом карда буд, алоқа дорад ҷумҳурихоҳон дифои комил аз амалкарди ӯ дар ҳузури шоҳидон дар сенат анҷом диҳанд.