Вокуниши мунфаилонаи Трамп ба ҳамлаи интиқомии Эрон алайҳи ҳадафҳои амрикоӣ
(last modified Thu, 09 Jan 2020 09:03:58 GMT )
Январ 09, 2020 14:03 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши мунфаилонаи Трамп ба ҳамлаи интиқомии Эрон алайҳи ҳадафҳои амрикоӣ

Ҷумҳурии исломии Эрон дар ростои ваъдаи худ барои интиқоми сахт аз Амрико ба далели террори ноҷавонмардонаи сардор Сулаймонӣ ва ҳамроҳони вай дар Бағдод, ду пойгоҳи амрикоии Айн-Ал-Асад ва Арбил дар Ироқро мавриди ҳамалоти мушакӣ қарор дод. Ба рағми таҳдидоти қаблии Вашингтон дар бораи вокуниш чанд баробар ба ҳар иқдоми Эрон, аммо мавзеъгирии Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико ҳароси вайро ошкор сохт.

Пас аз фазосозии равонии Кохи Сафед ва ваъдаи раиси ҷумҳури Амрико барои суханронии муҳим дар бораи ҳамлаи интиқомии Эрон, Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбе 8 январ дар суханронии худ дар изҳороте мунфаилона, сирфан иддаоҳои қаблиаш дар бораи Эронро такрор кард ва ваъдаи таҳримҳои нав алайҳи Эронро дод. Нуктаи муҳим наҳваи вокуниши Трамп ба ҳамалоти мушакии интиқомии Эрон буд.

Трамп дар вокуниш ба ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои низомии Амрико зимни такрори иддаоҳои зидди эронии худ кушиданд, ки ин иқдоми интиқомии Эронро кам аҳамият ҷилва диҳад ва иддао кард, ҳеҷ амрикоие осеб надид ва фақат хасоратҳои андаке ба пойгоҳҳои низомии мо ворид шуд. Иддаои Трамп дар ҳоле аст, ки манобеи маҳаллӣ гузориш медиҳанд ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ба ин пойгоҳҳо, талафот ва хасоратҳои сангине бар ҷой гузоштааст. Як мақоми огоҳ дар Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳам аз ҳалокати ҳади ақал 80 низомии амрикоӣ ва захмӣ шудани ҳудуди 200 нафар аз онҳо дар ин ҳамла хабар дод.

Трамп омидона талош кард, то барои парҳез аз рӯёруӣ бо Эрон, ки пайомадҳои бисёр мухотираомезе барои Вашингтон ва муттаҳидони минтақаии он ба ҳамроҳ дорад, натиҷаҳои ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ироқро бисёр ночиз ҷилва диҳад.

Ба назар мерасад Трамп, ки дар давраи зимомдории худ ҳамвора руйкардаи таҳдиди дигар кишварҳо ба вижа Эронро дар пеш гирифтааст ва акнун низ дар чорчуби сиёсати фишори ҳадиаксарӣ бо Эрон бархурд мекунад, ба заъми худ талош кард, то бо тарсондани мақомоти Теҳрон, онҳоро аз ҳаргуна вокуниши интиқомӣ дар баробари террори шаҳид сардор Сулаймонӣ ва ҳамроҳони вай боз дорад. Масъале, ки Трамп аз амад ба он ишора накард, таҳдидоте буд, ки ҳамин чанд рӯзи ахир дар бораи ҳаргуна иқдоми интиқомии Эрон матраҳ карда буд. Трамп рӯзи сешанбе 7 январ гуфт агар Эрон коре кунад, ки намебоист бикунад, бо пайомадҳои бисёр шадиде ру ба ру хоҳад шуд. Вай муддаӣ шуда буд, ки Амрико барои ҳаргуна иқдоми Эрон ва низ ҳамлаи мутақобил дар вокуниш ба ҳамлаи эҳтимолии Эрон комилан омодааст. Трамп сироҳатан эълом карда буд, ки ба ҳар иқдоми интиқомӣ аз ҷониби Эрон вокунише ғайримутаносиб ва чандбаробарӣ нишон хоҳад дод.

Бо ин ҳол раиси ҷумҳури Амрико дар суханронии рӯзи чаҳорашнбеи худ нишон дод, ки иддаоҳояш сирфан беҳудагӯӣ буда ва асосан ҷуръати рӯёруии низомии густарда бо Эронро надорад. Зимни ин ки интиқодҳои шадид аз руйкарди ҷангафрӯзонаи Трамп дар дохили Амрико сурат гирифта ва ҳушдорҳои шадиде дар бораи натиҷаҳои вахими вокуниши Амрико ба интиқоми сахти Эрон дода шуда буд.

Ҳеррӣ Казианс мудири мутолиоти дифоии андешкадаи амрикоии Маркази манофеи миллӣ дар вокуниш ба ҳамлаи бомдоди ҷаҳоршанбеи Эрон ба мавзеъҳои амрикоӣ дар Ироқ ба Доналд Трамп ҳушдор дод Эрон абарқудрати мушакӣ аст.

Масъалаи дигаре, ки Трамп дар суханронии худ матраҳ кард муттаҳам кардани Эрон ба талош барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ буд. Вай муддаӣ шуд, то вақте раиси ҷумҳур аст, Эрон силоҳи ҳастаӣ нахоҳад дошт. Ин иддаои Трамп бар хилофи гузоришҳои мутааддиди Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ дар бораи моҳияти сулҳомези барномаи ҳастаии Эрон буда ва ҳатто аъзои аврупоии гуруҳи 4+1 низ онро қабул накардаанд. Ба назар мерасад иддаои дубораи Трамп дар бораи талоши Эрон барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ сирфан иқдоме дар ростои инҳирофи зеҳнҳо аз мавзеъи инфиолии вай дар баробари ҳамлаи интиқомии Эрон аст.