Январ 09, 2020 15:19 Asia/Dushanbe
  • Соқит шудани як фарванд паҳподи терорристҳо дар сурия

Артиши Сурия аз сарнагунии як фарванд паҳподи терорристҳо дар шаҳри Асила воқеъ дар ғарби ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз Форс, падофанди ҳавоии артиши Сурия як фарванд паҳподи гурӯҳҳои терорристиро,ки талош дошта ба мавозеи артиш ва минтақаҳои амн дар атрофи шаҳри Асила дар шимол ғарби Ҳумма наздик шавад, соқит кардааст.

Падофанди ҳавоии артиши Сурия таи ҳафтаҳои гузашта низ бо паҳподҳои бисёре,ки қасди наздик шудан ба мавозеи артиш ва нуқоти амнро доштаанд, муқобила карда ва бештари онҳоро соқит кардааст.

28 ноябр низ артиши Сурия як фарванди ҳавоии бесарнишини Туркияро дар ҷунуби устони Ҳаска воқеъ дар шимол шарқи ин кишварро сарнагун кард.

Барчасп