Январ 09, 2020 20:10 Asia/Dushanbe
  • Тавҷеҳоти давлати Трамп дар бораи террори генерал Сулаймонӣ сенаторҳоро қонеъ накард

Сенаторҳои амрикоии ҳозир дар ҷаласаи мақомоти давлати ин кишвар эълом карданд, аз тавзеҳоти ироа шуда қонеъ нашудаанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, гурӯҳе аз мақомҳои аршади давлати Амрико аз ҷумла Ҷина Хаспел, раиси Ожонси марказии иттилооти Амрико (CIA) рӯзи чаҳоршанбе дар талош барои костан аз интиқодоти намояндагони Конгресс аз иқдоми террористии Вашингтон алайҳи сардори шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар Сенат ҳузур ёфтанд ва дар ҷаласае пушти дарҳои баста тавзеҳоте барои сенаторҳо ироа карданд.

Майк Ли, сенатори ҷумҳурихоҳ баъд аз ин нишаст дар ҷамъи хабарнигорон ҳозир шуд ва бо асабоният гуфт, ин ҷаласа «шояд яке аз бадтарин ҷаласоти тавҷеҳӣ буда, ки ман дар ҳавзаи низомӣ дар давраи 9 солаи ҳузур дар Сенат дидаам.»

Ли ҳамчунин худдории мақомҳои давлати Трамп аз ироаи мадорик ва шавоҳиди равшан дол бар қарибулвуқуъ будани як ҳамларо «тавҳиномез» ва мояи таҳқири қонуни асосии Амрико тавсиф кардааст.

Рэнд Пол, дигар сенатори ҷумҳурихоҳ, ки робитаи хубе ҳам бо Трамп дорад, бо баёни инки намояндагони давлат аз посух додан ба саволоти тафра рафтаанд, гуфт, Кохи Сафед дар тавҷеҳи анҷоми ин террор, ба муҷаввизи ҷанги Ироқ истинод кардааст.

Пол афзуд, бо онки пеш аз ҳузур дар ҷаласа дар бораи раъй ба таҷдиди назар дар хусуси ихтиёроти ҷангии раисиҷумҳурӣ мураддад буда, бо вазъияти кунунӣ мутмаин шудааст, ки бояд аз тарҳи пешниҳодии демократҳо барои костан аз ихтиёроти Трамп барои эъломи ҷанг, ҳимоят кунад.

Боб Менендес, сенатори демократе, ки ба ҳимоят аз сиёсатҳои ҷангталбона маъруф аст дар “Твиттер” навишт: «ҳамин ҳоло ҷаласаи тавҷеҳии давлати Трамп дар бораи Эронро тарк кардам. Як чиз равшан аст, саволоти мо аз посухҳое, ки дорем бештар аст.»

Менендес афзуд: «Читавр метавонем ба қонеъ кардани мардуми Амрико дар бораи сиёсате кумак кунем, ки амалан вуҷуд надорад?»

 

Барчасп