Январ 09, 2020 20:26 Asia/Dushanbe
  • Дархости поп барои коҳиши таниш дар ғарби Осиё

Раҳбари католикҳои ҷаҳон, хештандории Амрико ва Эронро барои коҳиши танишҳо дар ғарби Осиё хостор шуд.

Ба гузориши Рейтерз, Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон дар суханронии солонаи худ дар ҷамъи дипломатҳои беш аз 180 кишвар дар Ватикан бо ишора ба таниш миёни Эрон ва Амрико, парҳези ҳамаи тарафҳо аз ташдиди муноқиша ва зинда нигаҳ доштани шӯълаҳои гуфтугӯ хештандориро бо эҳтиром ба қавонини байналмилалӣ хостор шуд.

Поп афзуд, танишҳо дар ғарби Осиё раванди тадриҷии бозсозии Ироқро тазъиф ва заминаро барои эҷоди муноқишаи васеътар фароҳам мекунад.

Нирӯҳои мутаҷовиз ва террористи артиши Амрико бомдоди ҷумъа (3 январ) тайи ҳамлаи паҳподӣ дар фурудгоҳи Бағдод, сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис, муовини Созмони басиҷи мардумии Ироқро ба ҳамроҳи ҳашт тани дигар аз қаҳрамонони мубориза бо терроризм ба шаҳодат расонданд.

Сардор Сулаймонӣ ба даъвати давлати Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд.

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бомдоди рӯзи чаҳоршанбе бо шиллики даҳҳо мушак ба самти пойгоҳи Айн ал-Асади Амрико дар устони Ал-Анбори Ироқ, ба ин ҷинояти нирӯҳои мутаҷовизи амрикоӣ посух дод.

 

Барчасп