Январ 10, 2020 18:00 Asia/Dushanbe
  • Идомаи интиқодоти кишварҳо аз иқдоми террористии Амрико алайҳи сардори эронӣ

Вазири хориҷаи Русия дар гуфтугӯи телефонӣ бо Шоҳ Маҳмуди Қурайшӣ, ҳамтои покистонии худ иқдоми Амрико дар террори сардори сипаҳбуд Ҳоҷи Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро нақзи ошкори қонунҳои байналмилал хонд.

Ба гузориши “Алолам”, Сергей Лавров дар ин гуфтугӯи телефонӣ изҳор дошт, ин иқдоми Амрико паёмадҳои хатарноке дар минтақа хоҳад дошт.

Лавров ҷумъаи гузашта низ дар гуфтугӯи телефонӣ бо Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико, иқдоми ҳадафманди Вашингтон дар террори сардор Сулаймониро нақзи шадиди қонунҳои байналмилалӣ хонда ва онро маҳкум карда буд.

Намояндаи доими Сурия дар Созмони Милали Муттаҳид ҳам панҷшанбешаб аз сукути Шӯрои амнияти ин созмон дар қиболи террори сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба дасти давлати террористи Амрико интиқод кард.

Башор Алҷаъфарӣ дар нишасти Шӯрои амният бо унвони “Ҳамкорӣ барои сулҳу амнияти байналмилал”, иқдоми давлати террористи Амрико дар террори сардор Сулаймонӣ ва низ Абумаҳдӣ Алмуҳандис, муовини созмони басиҷи мардумии Ироқро маҳкум кард ва хитоб ба аъзои Шӯрои амният гуфт: “Чаро ин шӯро дар қиболи террори фармондеҳони эронӣ ва ироқӣ, ки дар ҳоли мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ ва Ҷабҳаи Аннусра дар минтақа буданд, сукут ихтиёр кардааст?”

Сардори сипаҳбуд Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис, муовини Созмони басиҷи мардумии Ироқ, мавсум ба “Ҳашдушшаъбӣ” ва 8 нафар аз ёронашон бомдоди ҷумъаи гузашта дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ дар наздики фурудгоҳи Бағдод, пойтахти Ироқ ба шаҳодат расиданд.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ба даъвати давлати Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд.

Бар асоси эъломи Вазорати ҷанги Амрико (Пентагон), дастури ин ҳамлаи ҳавоиро Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар содир карда буд.

 

Барчасп