Январ 12, 2020 14:08 Asia/Dushanbe
  • Чомски: террори сардор Сулаймонӣ, иқдоме террористӣ буд

Устоди саршиноси донишгоҳ ва назарияпардози амрикоӣ, террори фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро иқдоме террористӣ донист.

Ноам Чомски, назарияпардози амрикоӣ дар гуфтугӯ бо рӯзномаи ҲиндустонТоймз гуфт, террори сардор Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, як иқдоми террористӣ ва нақзи мавозини ҳуқуқи байналмиллал буд.

Чомски борҳо иқдомоти Кохи Сафедро таҳдиде барои сулҳи ҷаҳонӣ хондааст.

Сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ севвуми январ ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, ки ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис ноибраиси  басиҷи мардуми (Ал-Ҳашад Аш-Шаъбӣ)-и Ироқ ва ҳашт нафари дигар дар ҳамлаи паҳподии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ дар фурудгоҳи Бағдод ба шаҳодат расид.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ чаҳоршанбеи гузашта 8 январ дар посух ба ин иқдоми террористии Амрико бо даҳҳо мушак, пойгоҳҳои низомиёни амрикоиро дар вилоятҳои Аланбор ва Арбили Ироқ ҳадаф қарор дод.

 

Барчасп