Январ 13, 2020 17:13 Asia/Dushanbe
  • Тасдиқи ҳалокати ду низомии Амрико дар Афғонистон аз тарафи Пентагон

Вазорати дифои Амрико (Пентагон), кушта шудани ду низомии террористи ин кишвар дар Афғонистонро тасдиқ кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ,вазорати дифои Амрико рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард,ки ин ду низомии амрикоӣ рӯзи шанбе бар асари таркиши бомба дар масири як нафарбари ҷангӣ дар вилояти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон кушта шуданд.

 Ҳар ду низомии амрикоӣ аз аъзои қисми  82-и ҳавоии Амрико буданд. Дар ин  ҳодиса ду низомии террористи дигари Амрико низ захмӣ шуданд.

 Гурӯҳи Толибон масъулияти ин кушторро бар ӯҳда гирифтааст.

 Шумори талафоти низомиёни амрикоӣ аз замони таҳоҷуми низомии ин кишвар ба Афғонистон дар соли 2001 то кунун аз ду ҳазору 400 нафар фаротар рафтааст.