Иттиҳоди Аврупо: БарҶом ҷойгузин надорад
(last modified Tue, 14 Jan 2020 14:05:40 GMT )
Январ 14, 2020 19:05 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоди Аврупо: БарҶом ҷойгузин надорад

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо эълом кард, ҳеҷ ҷойгузине барои тавофуқи ҳастаии Эрон вуҷуд надорад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бо таъйиди дарёфти номаи оғози фароянди ҳалли ихтилофи БарҶом гуфт, БарҶом як дастоварди муҳим дар дипломатияи чандҷонибаи пойдор аст ва ҳифзи БарҶом аз ҳар замоне бештар аҳамият дорад.

Ҷозеп Боррел афзуд, бар фароянди механизми ҳалли ихтилоф назорат хоҳад кард ва ҳадафи ин механизм ҳалли мушкилоти марбут ба иҷрои тавофуқи ҳастаӣ аст.

Се кишвари аврупоии Олмон, Британия ва Фаронса рӯзи сешанбе бо интишори баёнияе дар Брюссел, механизми ҳалли ихтилоф дар БарҶомро фаъол карданд.

Ин механизм раванде аст, ки дар сурати тай шудани комили мароҳили он, ба бозгардонидани таҳримҳои Созмони Милал алайҳи Эрон мунтаҳӣ хоҳад шуд.

Бо ин ҳол дипломатҳои аврупоӣ муддаӣ ҳастанд, ки ҳадафи ин тасмим ҳифзи тавофуқи ҳастаӣ аз тариқи баҳсу ройзанӣ бо Эрон барои бозгашт ба тааҳҳудоташ дар БарҶом аст.

Эрон ба дунболи хуруҷи якҷонибаи Амрико аз БарҶом талош кард тавофуқи ҳастаиро ба шарти амали дигар тарафҳои ин тавофуқ ба тааҳҳудоташон ҳифз кунад, аммо бо гузашти наздик ба ду сол ва нотавонии тарафҳои аврупоӣ дар амал ба тааҳҳудоти барҷомиашон, Эрон гомҳои коҳиши тааҳҳудоти худро оғоз кард.