Январ 15, 2020 14:58 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Узбакистон барои мизбонӣ аз музокироти сулҳи Афғонистон

Вазири умури хориҷаи Узбакистон аз омодагии ин кишвар барои мизбонии музокироти сулҳи Афғонистон хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Абдулазиз Комилов рӯзи чоршанбе дар дидор бо Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии Афғонистон дар Деҳлии Нав, пойтахти Ҳиндустон гуфт:

Тошканд аз раванди сулҳи Ағонистон ба раҳбарии афғонҳо ҳимоят мекунад ва омодагӣ дорад, дар ин замина мизбони музокироти оянда бошад.

Ҳамдуллоҳ Муҳиб низ дар ин дидор гуфт: Муваффақияти  раванди музокироти сулҳи Афғонистон ба ҳимояти дигар кишварҳои минтақа низ ниёз дорад.

 

 

Барчасп