Ҷаҳонӣ шудани танишҳо дар ғарби Осиё
Раисҷумҳури Русия ҳушдор дод, танишҳои эҷодшуда дар ғарби Осиё ба роҳатӣ метавонад дар ҷаҳон густариш ёбад.
Ба гузориши “Форс”, Путин дар суханронии солона дар парлумон гуфт, гуфтугӯ дар хусуси амният ва суботи ҷаҳонӣ ниёзе мубрам аст ва ба таври вижа 5 кишвари ҳастаӣ дар қиболи тавсеа ва пешрафти навъи башар масъул ҳастанд.
Путин афзуд, даргириҳои минтақаӣ метавонанд зуд ба таҳдидоте барои амнияти ҷаҳонӣ табдил шаванд. Ниёзи мубрам барои гуфтугӯ дар бораи амният ва суботи назми ҷаҳонӣ вуҷуд дорад. Ҳар панҷ миллат бояд авомиле, ки метавонанд мунҷар ба вуқӯи ҷанг шаванд, аз байн бибаранд.
Вай таъкид кард, Русия дар ҳоли ҳозир эҳсоси амният дорад ва аз пешрафтатарин силоҳҳое, ки “ҳеч кишвари дигаре дар ихтиёр надорад” баҳраманд аст, вале ин кишвар бояд беш аз ин тавсеа ёбад.
Раисҷумҳури Русия ҳамчунин барои тағйири бархе бандҳои қонуни асосии ин кишвар, баргузории ҳамапурсиро пешниҳод кард. Путин гуфт, Русия бояд ба як “кишвари мураффаҳ бо ҳокимияти қонун” табдил шавад.