Январ 16, 2020 12:46 Asia/Dushanbe
  • Иттилофи Саудӣ ва тирборони муътаризон

Иттилофи Саудӣ, нерӯҳои муътаризи худро тирборон кард.

Ба нақл аз Форс, як манбаи низомӣ гуфт ;далели ин саркашӣ кардани низомиёни Яманӣ, фармондеҳии низомии ғайришоиста ва ғайри ҳирфаии урдугоҳи Алво Алфатҳи вобаста ба мақомоти Саудӣ аст ; фармондеҳии ин урдугоҳро як шайхи салафии вобаста ба Саудӣ ба номи Радод Алҳошимӣ идора мекунад ва Ӯ то кунун се ҳазор низомии яманиро ба куштан дода ва ё боиси асорат ва мафқуд шудани онҳо шудааст.

 Ин манбаъ афзуд, вай дар моҳи августи гузашта низомиёни яманиро ба набарде дар Водии Китоф устони Саъда дар баробари нерӯҳои мусалаҳи Ансоруллоҳ фиристод ,ки дар он бисёре аз низомиёни урдугоҳи Луво Алфатҳ кушта шуданд.

Ин фарди огоҳ тасриҳ кард, мақомоти Саудӣ ба шикастҳои сахти Алҳошимӣ ва Ъадам таҷрибаи низомии вай аҳамияте намедиҳанд ва аз назари молӣ ва низомӣ аз Ӯ ҳимоят мекунанд то ҷавонони ямании бештареро ҷазби ин урдугоҳ кунад. Ҷавононе ,ки ниёз ва шароити сахти маишатӣ ба далели идомаи ҷанг онҳоро ночор ба пайвастан ба ин урдугоҳ дар муқобили ҳуқуқ кам мекунад.

Ҷанг алайҳи Яман то тақрибан ду моҳи дигар вориди шашумин соли худ мешавад ва то кунун ҳазорон нафар дар ҳамлаҳои мудовими Иттилофи Саудӣ кушта ва захмӣ шудаанд.