Фаолсозии механизми ҳалли ихтилофот дар БАРҶОМ; пайравии Аврупо аз Амрико
(last modified Thu, 16 Jan 2020 09:26:43 GMT )
Январ 16, 2020 14:26 Asia/Dushanbe
  • Фаолсозии механизми ҳалли ихтилофот дар БАРҶОМ; пайравии Аврупо аз Амрико

Баёнияи се кишвари аврупоӣ дар бораи фаолсозии механизми ҳалли ихтилофот дар БАРҶОМ нишон дод, тарафе, ки БАРҶОМро холӣ аз муҳтаво карда дар баробари Амрико нотавон аст.

Гузориши рӯзномаи амрикоии Вашингтон-Пост дар бораи таҳдиди се кишвари арупоии тарафи БАРҶОМ аз сӯи Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико бори дигар собит кард, Британия, Фаронса ва Олмон аз сиёсатҳои мухарриби Амрико зидди БАРҶОМ пайравӣ мекунанд.

Се кишвари арупоии тарафи БАРҶОМ рӯзи сешанбе дар ҳоле механизми ҳалли ихтилоф дар БАРҶОМро фаол карданд, ки дар паи хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ дар иҷрои  тааҳудоти барҷомии худ нотавон буданд ва амалан БАРҶОМро аз муҳтаво холӣ карданд.

Дар чунин шароите; ҳаракати ахири се кишвари аврупоӣ идомаи ҳамроҳӣ бо сиёсатҳои раиси ҷумҳури Амрико аст, ки талош дорад, аз БАРҶОМ чизе боқӣ намонад ва ба заъми худ тавофуқи дигаре ҷойгузини БАРҶОМ кунад.

Авҷи вобастагии Аврупо ба Амрико ва ба навъе тарси тарафҳои аврупоии тарафи БАРҶОМ аз таҳдидҳои Доналд Трамп дар гузориши рӯзи чаҳоршанбеи рӯзномаи Вашингтон-Пост ба хубӣ намоиш дода шудааст.

Ин рӯзномаи амрикоӣ навишт, Трамп дар паёме таҳдидомез хатоб ба аврупоиҳо эълом кард, агар онон аз сиёсатҳои вай зидди Эрон пайравӣ накунанд ва механизми мошаро иҷро накунанд, Амрико таърафаи 25 дарсадиро бар худравҳои аврупоӣ иҷро мекунад.

Ба дунболи ин фишору таҳдиди Трамп, се кишвари аврупоии Британия, Олмон ва Фаронса рӯзи сешанбе бо судури баёнияе механизми ҳалли ихтилофот дар БАРҶОМро бо иддаои поймолсозии ин тавофуқ аз сӯи Эрон фаол карданд.

Ин иддаои аврупоиҳо дар ҳоле матраҳ мешавад, ки шавоҳиди зиёде мавҷуд ҳаст ва нишон медиҳад, тарафҳои аврупоии БАРҶОМ зимни нотавон будан дар иҷрои тааҳудҳои барҷомии худ, амалан бо таҳримҳои Амрико зидди Эрон ҳам ҳамсӯ шуданд.

Дар ҳамин замина Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон чаҳоршанбешаб дар Твиттер дар вокуниш ба иддаои се кишвари аврупоӣ мабнӣ бар мутааҳид будан ба БАРҶОМ ва фаол кардани механизми ҳалли ихтилоф навишт, се кишвари аврупоӣ фикр мекунанд, ки дар қарни нуздаҳум зиндагӣ мекунанд; замоне, ки ба кишварҳо диктан мекарданд, дурӯғ мегуфтанд ва мегурехтанд.

Хуруҷи ширкатҳои аврупоӣ аз Эрон, ба фир расондани воридоти нафт аз Эрон, таҳрими бонкҳои эронӣ ва ҳатто нотавонӣ аз фуруши колоҳои муоф аз таҳрими Амрико яъне дору ва ғизо, нишонаҳои мустанаде бар пойбанд набудани аврупоиҳо ба таъмини манофеи Эрон аз БАРҶОМ аст.

Илова бар ин ҳамроҳӣ бо таҳримҳои фаросарзаминии Амрико, иқдоми таблиғотӣ барои эҷоди созу кори молии вижаи Аврупо мавсум ба ИНСТЕКС бидуни анҷоми ҳатто як тарокуниши молӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба гомҳои коҳишии Эрон, нишон медиҳад аврупоиҳо дар даврони БАРҶОМ бидуни Амрико қодир ба нақшофаринии мустақил нестанд.

Акнун пас аз иҷроӣ шудани гоми панҷуми коҳиши тааҳудҳои барҷомии Эрон аврупоиҳо дар чорчуби баёнияи сеҷониба дар масире гом бардоштанд, ки нишон аз таъзими маҳз дар баробари Амрико дорад ва ин вазъият, ҷойгоҳи Аврупои воҳид ва мустақил дар арсаи ҷаҳониро бо чолиши ҷиддие ру ба ру кардааст.