Январ 17, 2020 16:58 Asia/Dushanbe
  • Номаи додситони додгоҳи Нюрнберг дар маҳкумияти ҷинояти террори сардор Сулаймонӣ

Додситони додгоҳи муҳокимаи ҷинояткорони ҷанги мавсум ба Нюрнберг дар номае иқдоми Амрикоро дар террори фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, нақзи қонунҳои байналмилалӣ донист.

Бенҷомин Фринз дар номае ба рӯзномаи “Ню-Йорк Таймс”, дастури Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро барои террори сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар Ироқ, амали ғайрохлоқӣ хонд, ки ноқизи қонунҳои дохилии ин кишвар ва низ қавонини байналмилалӣ аст.

Фринз, ки додситони Додгоҳи баррасии ҷиноёти ҷангии низомиёни Олмони нозӣ (фашистӣ) дар ҷанги ҷаҳонии дувум буд, гуфт, Амрико фармондеҳи аршади низомии кишвареро кушт, ки бо он дар ҳоли ҷанг нест.

Ин мақоми додгоҳи Нюрнберг таъкид кард, мардум бояд аз ҳақиқати моҷаро мутталеъ шаванд, зеро дар ин иқдоми Амрико эъломияи Созмони Милали Муттаҳид, Девони Байналмилалии Ҷиноӣ (Кайфарӣ) ва Девони Байналмилалии Додгустарӣ нодида ангошта шудаанд.

Фринз ҳушдор дод, то замоне, ки фикру зеҳни афрод дар тарҷеҳи ҷанг бар қонун тағйир накунад, ҷавонони саросари ҷаҳон дар хатари марг қарор хоҳанд дошт.

Нерӯҳои террористи артиши Амрико 3 январ дар ҳамлаи паҳподӣ дар фурудгоҳи Бағдод, сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис, муовини созмон Нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқро ба ҳамроҳи ҳашт тани дигар аз қаҳрамонони мубориза бо терроризм ба шаҳодат расонданд.

Сардор Сулаймонӣ ба даъвати расмии давлати Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд.

 

Барчасп