Январ 18, 2020 17:46 Asia/Dushanbe
  • CNN: Амрико дар остонаи хуруҷи таҳқиромез аз хоки Ироқ аст

Шабакаи CNN бо ишора ба фишори физоянда барои хуруҷи артиши Амрико аз Ироқ тасреҳ кард, ин поёне таҳқиромез барои маъмурияти тулонимуддати артиши Амрико аст; маъмурияте, ки миллиардҳо долларро бар бод дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шабакаи CNN рӯзи шанбе 18-уми январ дар гузорише зимни ишора ба ваъдаҳои беасоси Доналд Трамп барои поён додан ба ҷангҳои бепоён дар ғарби Осиё навишт, хуруҷи иҷборӣ аз хоки Ироқ поёни таҳқиромези маъмурияти тулонимуддати артиши Амрико дар Ироқ хоҳад буд; маъмурияте, ки миллиардҳо доллар аз пули андоздиҳандагони амрикоиро бар бод дода ва ҷони ҳазорон сарбози амрикоиро гирифтааст.

Дар ин гузориш омадааст, мақомоти парлумони Ироқ, ки равобити қудратманде бо Теҳрон доранд, равандеро барои поён додан ба ҳузури низомии Амрико дар Ироқ оғоз кардаанд ва ин вокунише тунд ба террори генерал Сулаймонӣ аст.

CNN афзуд, акнун ҳамаи амалиёти низомии муштараки Амрико ва Ироқ дар ин кишвар ба ҳолати таълиқ (вақфа) даромада ва Одил Абдулмаҳдӣ нахуствазири Ироқ таъкид карда, ки хуруҷи низомиёни амрикоӣ танҳо роҳи ҳимоят аз ироқиҳо аст.

CNN тасреҳ кард, террори генерал Сулаймонӣ ба суди ҳадафҳои дарозмуддати Эрон яъне хуруҷи низомии Амрико аз минтақа будааст.

Нерӯҳои террористи артиши Амрико севвуми январ дар ҳамлае мушакӣ дар фурудгоҳи Бағдод, сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис муовини Созмони басиҷи мардумӣ (Ҳашад Аш-Шаъбӣ)-и Ироқро ба ҳамроҳи ҳашт тани дигар аз қаҳрамонони мубориза бо терроризм ба шаҳодат расонданд.

Сардор Сулаймонӣ ба даъвати расмии давлати Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд.

Дар паи ҷинояти террористии Амрико дар фурудгоҳи Бағдод, парлумони Ироқ, қонуни ихроҷи низомиёни эътилофи амрикоӣ ба истилоҳ зидди ДИИШ аз ҷумла низомиёни артиши Амрикоро тасвиб кард.

Барчасп