Январ 18, 2020 20:42 Asia/Dushanbe
  • Русия аз узвияти комили Эрон дар Шанхай ҳимоят кард

Як расонаи амрикоӣ гузориш дод, ки Русия бо рад кардани дархостҳои Амрико барои ба гӯша рондани Эрон аз узвияти ин кишвар дар Созмони ҳамкории Шанхай ҳимоят кард.

Ба нақл аз ИРНО, СНС-Ниюз эълом кард, танҳо чанд рӯз пас аз он ки Эрон иқдом ба партоби мушакҳое ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқ кард, вазири умури хориҷаи Русия таъкид кард, ки ин кишвар аз узвияти комили Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай, ки аз он ба вазнае дар баробари НАТО ва ғарб ёд мешавад, ҳимоят мекунад.

Лавров дар суханоне дар як маҷмаи геополотик дар Диҳлии Нав афзуд, ки Эрон узви нозири Созмони Шанхай аст ва мо аз дархости Эрон барои узвияти комил ҳимоят мекунем.

Вазири умури хориҷаи Русия таъкид кард, ҳамчунин бештари кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай аз дархости Эрон ҳимоят мекунанд ва ман итминон дорам, ки ин дархост амалисозӣ хоҳад шуд.

Русия имсол раёсати давраии Созмони ҳамкории Шанхайро бар уҳда дорад ва дар моҳи июл мизбони нишасти солиёнаи он хоҳад буд.

Барчасп