Январ 19, 2020 10:06 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Путин бо идеаи раёсат ҷумҳурии модомул умр

Раиси ҷумҳурии Русия ин идеаро, ки як шахс битавонад барои муддати номаҳдуде раиси ҷумҳурии ин кишвар боқӣ бимонад, рад кард.

Ба нақл аз Спутник, Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия рӯзи шанбе гуфт, беҳтар аст, ки иҷоза дода нашавад давраҳое, ки як шахс метавонад раиси ҷумҳури Русия бошад номаҳдуд бошад.

Раиси ҷумҳури Русия афзуд, ин мазӯъ ба нигарониҳои мардум барои субот дар ҷомеа, дар кишвар ва равобити хориҷӣ гиреҳ хурдааст.

Владимир Путин пештар низ дар суханронӣ дар парлумони ин кишвар дар бораи тағйири қонуни асосии Русия таъкид карда буд, ки як шахс фақат бояд битавонад барои ду давра раиси ҷумҳурӣ бошад.

Раиси ҷумҳурии Русия, рӯзи чаҳоршанбеи гузашта Михаил Мишостин-ро ба унвони нахуствазири нави ин кишвар муаррифӣ кард.

Мишостин соате пас аз он, ки Димитрӣ Медведев аз симати нахуствазирии Русия истеъфо кард, барои тасаддии ин симат баргузида шуд.

Медведев ва аъзои кабинааш дар паи суханронии Путин бо мавзӯи барномаи тағйироти бунёдин истеъфо карданд.

Путин дар суханронии солонаи худ дар парлумони Русия бо тарҳи ин ки кишвараш ба тағйироти асосӣ ниёз дорад гуфт, дархостҳо барои тағйир дар ҷомеаи Русия возеҳ аст.

Давраи феълии раёсат ҷумҳурии Путин, ки соли 2018 оғоз шуда, соли 2024 ба поён мерасад.

 

Барчасп