Январ 20, 2020 12:38 Asia/Dushanbe
  • Расонаи чинӣ : террори сардор Сулаймонӣ густохонатарин иқдоми Трамп буд

Расонаи чинӣ террори сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва ҳамразмонашро густохонатарин иқдоми Доналд Трамп тавсиф кард.

Ба нақл аз ИРНО, рӯзномаи Савт Чайна Морнинг Пост бо баёни ин ки Трамп бо ин иқдоми ҷинояткорона, моҳияти террористии худро ифшо кард навишт, давлатмардони Амрико, ки аз террори фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва муовини Ҳашад Аш-Шаъбии Ироқ ҳимоят кардаанд нафаҳмидаанд, ки чунин ҷинояте чи хасоратҳои сангине барои Амрико ва кулли минтақа дорад.

Ин рӯзномаи чинӣ менависад, ки Амрико бо террори фармондеҳи зидди терроризми минтақа, ки нақши муҳиме дар саркуби гуруҳҳои такфирӣ аз ҷумла ДИИШ дар кишварҳои Ироқ ва Сурия дошт ба омили ноамнӣ дар минтақаи ғарби Осиё табдил шудааст.

Рӯзномаи Савт Чайна Морнинг Пост ҳамчунин ба интиқоми сахти Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ҳамла ба пойгоҳи Айн-Ал-Асад ишғолгарони Амрико дар ғарби Ироқ ишора кард ва навишт Ҷумҳурии исломии Эрон бо чунин шуҷоате ҳайбат ва ҳайманаи дуруғини Амрикоро ба чолиш кашонд.

Барчасп